Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Мумфаршкунии роҳи маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд оғоз гардид

Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд мумфаршкунии роҳи байни шаҳракҳои  13 ва 18-и маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд расман оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар  оғози  мумфаршкунии роҳ  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо сокинон изҳор дошт, ки бо раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят бунёди садҳо иншооти таъиноташ гуногун идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳи байни шаҳракҳои  13 ва 18-и маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд беш аз 600 метр дарозӣ ва 10 метр паҳноӣ дорад. Фармоишгар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва пудратчии корҳо Идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд мебошад.

Аҳли маҳаллаи Мевағули шаҳр аз ин иқдоми созандаи давлату Ҳукумати мамлакат истиқбол намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки ҳамагон дар канор наистода, дастҷамъона дар ободонии диёр саҳм мегузоранд.

Ёдовар бояд шуд, ки то ба имрӯз дар шаҳри Хуҷанд беш аз 40 километр роҳҳо мумфарш карда шуданд ва ин амал дар  дигар кӯчаҳо то охири сол идома меёбад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд