Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе бо Директори ширкати «Bina Puri» вохӯрӣ намуд

«Ховар»/. Дар ҳошияи Форуми байналмиалии сармоягузории Душанбе муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Директори иҷроияи ширкати «Bina Puri» Файзам Хан вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар оғози мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе меҳмонро ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, мулоқоти имрӯзаро имконияти мусоид баҳри ба роҳ мондани ҳамкории судманди дуҷониба номид.

Файзам Хан дар навбати худ барои истиқболи самимӣ ва имконияти муҳокимаи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори сипос намуда, фазои мусоиди сармоягузории Душанберо диққатҷалбкунанда номид ва оид ба фаъолияти ширкати «Bina Puri» маълумот пешкаш намуд.

Ҷонибҳо қарор доданд, ки масъалаи баррасишударо минбаъд низ таҳти таваҷҷуҳ қарор дода, дар самти амалисозии он иқдом намоянд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе