Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Муовини Вазири корҳои дохилии Русия аз мураккаб шудани вазъ дар шимоли Афғонистон хабар дод

Вазъият дар Афғонистон, алалхусус дар ноҳияҳои шимолии мамлакат мураккаб мешавад, ки ин боиси нигаронӣ мегардад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Андрей Руденко (ДАР АКС) дирӯз, 17 май зимни суханронӣ дар конференсияи II байналмилалии Осиёи Марказии Клуби мубоҳисавии «Валдай» изҳори назар намуд.

«Вақте мо дар бораи Осиёи Марказӣ ҳарф мезанем, <…> хатарҳои мавҷударо нодида гирифтан мумкин нест. Хавфҳо вуҷуд доранд, дар навбати аввал ба Афғонистон марбутанд, ки вазъ, мутаассифона, дар онҷо ҳанӯз ҳам ноустувор аст. Вақтҳои охир вазъият, бахусус дар манотиқи шимолии Афғонистон печидатар шудааст, ки боиси нигаронии шарикони мо, бахусус Тоҷикистон гардидааст», — гуфт ӯ.

Ҳамзамон муовини вазир зикр кард, ки Федератсияи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути СААД кумак мерасонад ва омодагии худро барои ҳамкории минбаъда бо кишварҳои минтақа изҳор медорад.

«Бо вуҷуди ин, мо омодаем минбаъд низ ҳамкориро бо ин кишварҳо идома диҳем, мо кумак мекунем, амнияти муштаракро таҳким мебахшем ва дар чаҳорчӯби СААД ёрӣ мерасонем. Мушкилот вуҷуд дорад, аммо дар айни замон мо омодаем, ки ин мушкилотро ҳал кунем”, — хулоса кард ӯ.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват карда буданд, ки бояд таваҷҷуҳи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба таҳдидҳои эҳтимолӣ равона гардад. “СААД бояд барои таҳияи сенарияҳои мухталиф дар марзҳои ҷанубӣ омода бошад»,-гуфтанд Пешвои миллат 16 май зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви СААД дар Москва.

АКС: Лента.ру