Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои вориднамоии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО тадбирҳо андешида мешавад

Ҳифз ва истифодаи мероси таърихиву фарҳангӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб  меравад. Корҳо дар самти вориднамоии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО беҳтар шудаанд. Дар ин хусус имрӯз дар  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ доданд.

Иброз гардид, ки аз  ҷумла дар самти ёдгориҳои таърихию фарҳангии долонҳои “Зарафшон-Қароқум”, “Фарғона-Сирдарё” ва “Ҳулбук – Хутталӣ Қадим” корҳои номинатсионӣ идома доранд.

Мувофиқи нақшаи пешбинишуда ва натиҷаҳои то имрӯз ба даст омада, 9 ёдгории таърихию фарҳангии долони “Зарафшон-Қароқум” моҳи сентябри имсол ба Рӯйхати асосии мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО зимни Иҷлосияи навбатии ЮНЕСКО дар Арабистони Саудӣ шомил мешаванд.

Инчунин то охири соли 2023 корҳои номинатсионии долони “Фарғона-Сирдарё” пурра ба анҷом расонида шуда, барои шомил намудани ёдгориҳои долони мазкур ба Рӯйхати пешакии мероси фарҳанги умумибашарӣ ирсол мегарданд.

Ҳамзамон корҳо оид ба пешбурди номинатсияи “Ҳулбук-Хуттали қадим” аз ҷониби мутахассисони вазорат бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»