Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ оид ба ояндабинии хавфу хатар ва таҳдидҳои дохилию хориҷӣ пажӯҳиш гузарониданд

аркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон тавассути амалӣ намудани фаъолияти самараноки олимону таҳлилгарон ва тамоми кормандони сохторҳои таркибии худ дар самти иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ, баргузории ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ ба натиҷаҳои мусбат ноил гардид.

Тавре директори Маркази тадқиқоти  стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода имрӯз  дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз намуд, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кормандони марказ пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ буда, аз рӯйи нақшаи корҳои илмию пажӯҳишӣ барои соли равон таҳқиқоти анҷомдода аз рӯйи ду мавзуи бунёдӣ — амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳо ва дурнамою таъмини амнияти иқтисодӣ дар заминаи  баланд бардоштани рақобатнокии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки барои то соли 2025 тарҳрезӣ шудаанд, амалӣ гардид.

Мавсуф афзуд, ки  мутобиқ ба нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ барои имсол ва мавзуъҳои дар боло гуфта пажӯҳишҳои кормандон аз рӯйи 6 зермавзуъ гузаронида шуданд. Онҳо масъалаҳои марбут ба муайян ва ояндабинии хавфу хатар ва таҳдидҳои дохилию хориҷии амнияти миллӣ ва минтақавӣ  дар  замони муосир,   муаммоҳо вобаста ба таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозорӣ,   технологияи нигоҳ доштани суботи сиёсӣ ва ҳифзи манифиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ташаккул ва рушди комплекси агросаноатӣ ҳамчун қисми таркибии саноатикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, авлавияти соҳавии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ,  масъалаҳои ҳавасмандгардонии андозӣ дар рушди соҳибкории инноватсионӣ ва нақши амнияти иҷтимоӣ дар таъмини рушди устувори ҷомеаи Тоҷикистонро дар бар мегиранд.

                                                                                  Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

                                                                                     АКС: АМИТ «Ховар»