Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ОЗМУНИ «МАСНАВИХОНӢ». Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври ҷумҳуриявии он оғоз ёфт

Имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон даври ҷумҳуриявии озмуни «Маснавихонӣ» бо иштироки ғолибони даври дуюм аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар даври вилоятии озмун, ки дар шаҳри Бохтар доир гардид, 112  донандаи «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фаъолона иштирок намуд. 24 нафар дар чаҳор гурӯҳ, яъне хонандагони синфҳои 9-11, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ғолиби ин давр дониста шуданд.

Озмуни «Маснавихонӣ» бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, шинохти амиқтари шахсияту осори ин шоири тавоно ва ташвиқи осори ӯ дар такомули мафкураи миллӣ ва ҷаҳонбинии ҷомеа ва эҳтиром ба саҳми шоёни Мавлоно дар рушди адабиёти классикии тоҷик доир мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»