Tajikistan

Пешвои миллат: «Дар панҷ соли охир бо эътирози прокурорҳо 170 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба замин бекор карда шуд»

ДУШАНБЕ, 17.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан  иттилоъ додем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  15 сентябр дар шаҳри Хоруғ бо шумораи зиёди роҳбарону фаъолони вилоят мулоқоти самимию созанда доир карда,  натиҷаҳои фаъолияти меҳнаткашон, рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоятро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сарвари давлат зимни суханронии худ доир ба мушкилоти ҷойдошта  ибрози назар намуда, ба масъулин баҳри рафъи онҳо дар кӯтоҳтарин муҳлат дастуру супориш доданд.

Тавре Роҳбари давлат  зикр карданд,  ки аз таҳлилҳо бармеояд, ки ҳолати истифодаи замин дар ҳудуди вилоят то ҳанӯз ташвишовар боқӣ монда, дар ин самт қонунвайронкуниҳои зиёд, ба монанди ҳолатҳои хариду фурӯш, ишғоли худсарона ё ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаҳои замин, инчунин истифодаи ғайримақсадноки он ба қайд гирифта шудааст. Дар панҷ соли охир бо эътирози прокурорҳо 170 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба замин бекор карда шуда, нисбат ба 109 нафар шаҳрвандон ва шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатии соҳа парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

«Аз ин рӯ, бори дигар ба сохтору мақомоти дахлдор, махсусан, мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо хотирнишон менамоям, ки ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, пеш аз ҳама, худашон поквиҷдон бошанд ва риояи қонунро дар ин самт ҷиддӣ назорат кунанд», — таъкид намуданд Пешвои миллат.

Football news:

Goalie of the banner of Labor, who was hit by lightning: everything is good at the moment. Back soon
Ole Gunnar Solskjaer: I Think it was a penalty against Aston Villa
Philadelphia played in t-shirts with the names of black people who died at the hands of the police
Kompany tries everything at Anderlecht: he coached without a license (terrible), played 15 matches and invested 3 million euros in the club
Aston Villa coach on Manchester United penalty: A shameful decision
Paul Pogba: Winning the Europa League and the FA Cup are two of Manchester United's goals for this season
Manchester United's first ever Premier League win 4 consecutive games with a difference at least 3 goals