Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сарҳадбононро сипари боэътимоди ҳифзи марзу буми Тоҷикистон номиданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҳадбононро сипари боэътимоди ҳифзи марзу буми Тоҷикистон номиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»

«Неруҳои марзбони Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлоли кишварамон мебошанд, ҳамчун сипари боэътимоди давлатдории навини тоҷикон яке аз рукнҳои муҳимтарини Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба ҳисоб мераванд», — тазаккур доданд Пешвои миллат зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи сарҳадбонон дар назди сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ.

Сарвари давлат махсус таъкид намуданд, ки сарҳадбонони тоҷик ҳифзи марзи давлатиро бо кишварҳои ҳамсоя ва пешгирӣ намудани воридшавии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноӣ, силоҳ, маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳоро дар шароити бисёр мушкил ва вазъи ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳон таъмин мекунанд.

Мушкилоти ҳифзи сарҳади тӯлонӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ки барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои Иттиҳоди Аврупо нақши минтақаи буфериро дорад, гувоҳи равшани аҳаммияти хоссаи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Тайи 28 сол сарҳадбонон, баробари ҳифзи марзҳои Тоҷикистон, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупоро аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромилливу фаромарзӣ ҳимоя карда истодаанд.

Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги ин масъала, давлат ва Ҳукумати мамлакат аз оғози таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ то ба имрӯз дар самти фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ, асосҳои зарурии моддиву техникӣ, ташаккул ва такомули сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, бунёду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии инфрасохтори сарҳадӣ, инчунин, таълиму тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд.

Бояд гуфт, ки неруҳои сарҳадбони Тоҷикистон дар давраи ниҳоят сахту сангини оғози истиқлоли давлатӣ, яъне дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, инчунин, дар шароити бисёр мушкили иқтисодиву молиявии кишвари тозаистиқлол таъсис дода шуданд.


Дар шароити ҳассосу хатарнок бо саъю талоши фарзандони содиқу огоҳи Ватан моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олӣ даъват ва баргузор гардид. Дар ҳамон иҷлосияи тақдирсоз, ки имсол аз баргузории он сӣ сол сипарӣ мешавад, 18-уми декабри соли 1992 дар сохтори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсуси марзбонӣ ташкил гардид ва 28-уми декабри ҳамон сол бо Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ бригадаи мазкур ба Раёсати ҳифзи сарҳади давлатӣ табдил дода шуд.

Бо мақсади таъмин намудани назорати сарҳади давлатӣ ва пешгирӣ кардани воридшавии унсурҳои террористиву экстремистӣ ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир 28 майи соли 1994 дар сохтори мақомоти амнияти кишвар Қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, ин сана Рӯзи сарҳадбонон эълон карда шуд.

Дар муддати 28 соли сипаришуда Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди тамоми мушкилоте, ки хусусан, солҳои аввали таъсисёбии ин ниҳоди муҳимми низомӣ вуҷуд доштанд, ба хотири таъминоти моддиву техникӣ ва фароҳам овардани шароити муосири инфрасохторӣ барои Қӯшунҳои сарҳадӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуд.

Қӯшунҳои сарҳадии ҳоло ба як сохтори аз лиҳози техникӣ муҷаҳҳазу муосир ва сипари боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфтаанд ва яке аз дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»