Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Раиси шаҳри Душанбе: «Дар Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ муваффақона амалӣ мешавад»

«Пайваста таҳким бахшидани муносибатҳо ва ҳамкории гуногунҷанбаи байнидавлатӣ  ба ҳалли масъалаҳои мавҷуда, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувору мутавозини давлатҳо мусоидат менамояд». Чунин иброз доштанд Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар «Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023».

Вобаста ба ин,  Рустами Эмомалӣ  шарикии васеи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, дастгирии ҳамдигар ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои мутақобилан судманд, таъмини тиҷорати мунтазам, ҳаракати озоди мол, сармоя, хизматрасонӣ ва технологияҳои навро ҳамчун  самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ  таъкид намуда, ташаккул додан ва таъмин намудани рушди иқтисоди рақамӣ, «иқтисоди сабз», низоми ягонаи нақлиётӣ, рушди долонҳои нақлиётӣ ва истифодаи самараноки иқтидори транзитии давлатҳоро барои ҳама ҷонибҳо дорои аҳаммияти хосса арзёбӣ намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи «Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023» Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  барои  баргузории пайвастаи чунин чорабиниҳои пурманфиату созанда ҳамчун асоси ҳамгироӣ ва пешрафти якҷоя изҳори омодагию ҳавасмандӣ намуданд.

«Имрӯз дар Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, вусъат додани имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳбуд бахшидан ба вазъи бозори меҳнат ислоҳоти иқтисодӣ муваффақона амалӣ мешавад», — таъкид намуданд Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ.

АКС: АМИТ «Ховар»