Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Раиси вилояти Суғд бо раванди корҳои ободонию созандагӣ дар чанд корхонаи саноатии шаҳри Хуҷанд шинос шуд

«Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  ба минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд омада, бо сохтмони коргоҳи равғанбарории ҶДММ «Сирдарё» шинос гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур  иқтидор дорад, ки дар як шабонарӯз то 50 тонна равғани офтобпарасту чигит ва 50 тонна кунҷора истеҳсол намояд.

Дар корхона барои истеҳсоли равғани растанӣ аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон таҷҳизот ва технологияи муосир оварда, васлу насб мешавад.

Дар коргоҳи равғанбарории Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сирдарё» раванди истеҳсолот асосан аз чанд марҳила, ба монанди ҷабиши сард, софкунӣ, безараргардонӣ, ширинкунӣ ва банду басти зарфҳои гуногунҳаҷм равған, ки аз як то панҷ литрро дар бар мегирад, иборат буда, маҳсулоти тавлидшуда аз лиҳози сифат ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардонида мешавад.

Раиси вилоят сипас бо фаъолияти  ҶДММ «Шишакор» ва маркази диллерии «Тойота» шинос шуда, барои дар вақти муайяншуда ба охир расонидани корҳо тавсияҳои муфид дод.

Дар ҶДММ «Шишакор», ки дар он истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда-шишаҳои гуногунҳаҷм ба роҳ монда мешавад, айни замон 40 нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардида, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик сохтмони корхона ба охир расад.

Дар маркази диллерии «Тойота» бошад фурӯши ин навъи  мошин ва қисмҳои эҳтиётии он ба муштариён пешниҳод хоҳад шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд