Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Рамзи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия тасдиқ гардид

Рамзи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия тасдиқ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шурои мазкур.

Рамзи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия даврашакл буда, гирди он аз ҳафт даври рангоранг иборат мебошад, ки дар дохили он аз ду тараф хӯшаҳои гандум, тоҷ, кӯҳҳои сарсабз, дурахши офтоб ва китоб ҷой дода шудаанд, ки давраҳои гуногуни таърихии халқи тоҷикро таҷассум мекунанд.

Дар қисмати поёни рамзи Шӯро парчамҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҷой дода шудаанд. Минбаъд дар баргузории чорабиниҳои Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони шаҳру вилоятҳои Русия ва чорабиниҳое, ки дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор карда мешаванд, рамзи мазкур истифода мегардад.

АКС: Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия