Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

«Риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ҳангоми истеҳсоли маснуоти чопӣ». Дар ин мавзуъ машварати омӯзишӣ доир шуд

«Ховар»/. Дар Агентии «Тоҷикстандарт» бо корхонаҳои истеҳсоли маснуоти чопӣ дар мавзуи «Риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ҳангоми истеҳсоли маснуоти чопӣ» машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии Тоҷикстандарт иттилоъ доданд.

Дар машварат мутахассисон ва масъулин дар робита ба риояи талаботи регламенти техникии «Бехатарии маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон», ки барои чопи китобҳои дарсӣ талабот муқаррар намудааст ва моҳияти ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии силсилаи ISO ба иштирокчиён маълумот доданд. Ҳамзамон дар робита ба сифати чопи китобҳо низ масъалагузорӣ шуда, таъмини риояи ҳатмии қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ таъкид шуд.

Инчунин намояндагони Вазорати фарҳанг ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ оид ба қонунгузории соҳа, аз ҷумла, дар бораи талаботи муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфия» мухтасар гуфта гузаштанд. Дар қонунгузорӣ ҳам нисбат ба истеҳсоли маснуоти чопӣ бо риояи талаботи стандарти давлатӣ ва байналмилалӣ талабот муқаррар гардидааст.

Тибқи қонунгузорӣ, чопи маводи илмӣ, таълимӣ ва динӣ бояд дар мувофиқа бо иҷозаи мақоми ваколатдор амалӣ шавад.

АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»