Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

«РОҒУН»-РО ТАМОМИ ТОҶИКИСТОН МЕСОЗАД! Зеро ин Кохи нур иқтидору тавоноии Тоҷикистонро баланд мебардорад

Ташаббускории  се ҳадафи стратегии рушд аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар солҳои аввали соҳибистиқлолию дар саргаҳи он қарор додани истиқлолияти энергетикӣ  тақозои зарурати ҳаёт буд. Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар асл ҳадафи стратегӣ буд, то заминаи рушди оянда пайдо шавад, то нақшаву ҳадафҳоеро, ки имрӯз дорем, бо дилпурӣ матраҳ намуда тавонем. Вагарна, имрӯз дар бероҳа мемондем. Ана ҳамин аст яке аз нишонаҳои айнии хирадмандии бузурги Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Чунин изҳор доштааст Сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло  Давлатов дар мақолаи худ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

— Ҷиҳати ба ин мақсадҳои бузург ноил гардидан мо бояд энергетикаи обиамонро собитқадамона рушд диҳем, ки барои ин, тавре дар боло ишора рафт, имконияти нодир дорем. Дар Тоҷикистон 985 рӯд ҷорӣ аст, ки дарозии умумиашон 28 500 километрро ташкил медиҳад. Ҳаҷми тавоноии энергетикӣ дар онҳо солона 527 миллиард киловатт/соат аст, ки ҳоло ҳиссаи ночизе аз ин иқтидор (10 дарсад ҳам не) мавриди истифода қарор дорад. Дар Осиёи Марказӣ 26,4 дарсади захираҳои обии неру ба Қирғизистон, 14,5 дарсад ба Узбекистон, 4,3 дарсад ба Туркманистон ва 56 дарсади боқимонда ба Тоҷикистон мансуб мебошанд. Аз ин ҷиҳат мамлакати мо дар ҷаҳон баъди Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳинд ва Канада ҷои ҳаштумро мегирад.

Ҳоло 16 дарсади неруро дар ҷаҳон иншооти обӣ тавлид менамоянд, ки Чин, Парагвай, Норвегия, Бразилия, Канада, Австрия, Зеландияи Нав, Швейтсария, Венесуэла аз ин ҷиҳат пешсаф ҳастанд.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 32-сола шуд. Баъзан андеша менамоем, ки тӯли ин солҳо чӣ дастовардҳое доштем, ба амалишавии кадоме аз ҳадафҳои давлатиамон даст ёфтем, аз чӣ оғоз намудему ба куҷо расидем. Барои Тоҷикистони азизи тозаистиқлоли мо масъалаи таъмини истиқлолияти энергетикӣ масъалае аст, ки сабаби татбиқи дигар ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ мегардад. Барои Тоҷикистон, ки махзани беҳтарину қадимтарин ганҷҳои табиӣ аст, таъмини истиқлолияти энергетикӣ масъалаи ниҳоят муҳим мебошад. Саноатикунонии мамлакат, бунёди корхонаҳои мухталифи коркарду истеҳсоли маъданҳои қиматбаҳо паём аз ободиҳову пешрафти иқтисодии Тоҷикистон дорад. Аммо ҳамаи ин бе неруи барқ амалӣ шуда наметавонад. Эътимод дорем, ки бо роҳбарии дурбинонаи Сарвари давлат ин ҳадафи бисёр ҷиддӣ ва муҳими стратегии давлат пайваста амалӣ мегардад.

Бунёди нахустин неругоҳи обӣ дар Тоҷикистон соли 1936 амалӣ шуд ва он «Варзоб-1» буд, ки дар рӯди Варзоб сохта шуд. То соли 1952 дар маҷрои ин рӯд боз ду неругоҳи дигар-«Варзоб-2» ва «Варзоб-3» ба истифода дода шуданд. Соли 1956 дар Қайроққум неругоҳи «Дӯстии халқҳо» ба кор оғоз намуд. Соли 1972 неругоҳи азими «Норак» тавлиди барқро шуруъ намуд, ки иқтидораш 2 ҳазору 600 мегаватт аст. Соли 1985 неругоҳи «Бойғозӣ» бо иқтидори 600 мегаватт ба истифода дода шуд.

Дар муддати кӯтоҳ мо илова ба иншооти мавҷуда аллакай неругоҳҳои «Сангтӯда-1»-ро бо иқтидори 670 мегаватт, «Сангтӯда-2»-ро бо иқтидори 220 мегаватт дорем, Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2»-ро бо иқтидори умумии 400 мегаватт бунёд, неругоҳҳои «Норак»-у «Дӯстии халқҳо»-ро таҷдид намудем. Зимни солҳои соҳибистиқлолӣ бобати бунёди зерсохтори шабакаҳои барқ низ хеле корҳои бузург анҷом дода шуданду дар минтақаҳои гуногун боз 300 неругоҳи хурди барқӣ ба кор оғоз намудаанд. Умуман, беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор пардохтаанд, ки ин кори саҳл нест Неруи барқ метавонад муҳимтарин моли содиротии мо гардад, ба шарте суръати сохтмони неругоҳҳои обиро суст накунем, балки ривоҷи бештарашон диҳем ва ин корро ба унсури калидии иқтисодамон мубаддал созем. Аз ин ба рушди саноат, дигар бахшҳои иқтисод зиёне намерасад, чун имконият фаровон аст. Тоҷикистони ҷанубӣ бо рӯдҳои Вахшу Панҷ 62 дарсади захираҳои гидроэнергетикиро дар хеш ғунҷоиш додааст, Бадахшон-27 дарсад ва вилояти Суғд -11 дарсад.

Дар маҷрои Вахш ба ҷуз иншооти маълум боз бунёди неругоҳҳои Сичароғ (420 ҳазор квт/с), Шӯроб (900 ҳазор квт/с) дар назар дошта шудааст. Дар маҷрои Панҷ 14 неругоҳ, ки иқтидорашон аз 300 ҳазор то 5,3 миллион квт/с хоҳад буд, бунёд мегарданд: Панҷи Поён (1,1 млн. квт/с), Кӯкча (800 ҳазор квт/с), Маскав (800 квт/с), Чумар (2 миллион квт/с), Даштиҷум (5,3 миллион квт/с), Қалъаи Хум (1,5 миллион квт/с), Туған (2 миллион квт/с), Рӯшон (3,1 миллион квт/с). Танҳо неругоҳи Даштиҷум дар сурати сохта шудан солона 19 миллиард киловатт/соат барқ тавлид намуда, талаботи давлатро қариб пурра қонеъ месозад. Ҳоло ҷиҳати бунёди неругоҳҳои «Шӯроб», «Нуробод-1», «Нуробод-2», «Айнӣ», «Фондарё», «Санобод», «Себзор» корҳои лоиҳакашӣ давом доранд.

Таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат пайомадҳои зиёди мусбат дорад. Бунёди корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохтори он сабаби бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии мамлакат ва ба даст овардани музди меҳнати кофӣ мешавад, ки ин дар навбати худ сабаби баланд шудани некӯаҳволии шаҳрвандон мегардад.

Бунёди неругоҳҳои барқи обӣ инчунин сабаби тағйирот дар таркиби ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мегардад. Сафи шаҳрвандоне, ки дар корхонаҳои саноатӣ кор менамоянд, меафзояд ва ин тағйироти сифатӣ дар таркиби ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат аст.

Табиӣ аст, ки заминаи иҷтимоии давлат аз ҳисоби коргарони саноатӣ мустаҳкамтар мегардад.   Масъалаи ҷойгиркунонии корхонаҳои саноатӣ бо дарназардошти қувваи корӣ ва инфрасохторҳои энергетикӣ ба масъалаи дигари муҳими рушди деҳот пайвастагии мантиқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Инҳо масъалаҳое мебошанд, ки дар сурати дуруст амалӣ шудан муваффақиятро таъмин менамоянд.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори 3 ҳазору 600 мегаватт солона беш аз 17 миллиард квт/с барқ тавлид хоҳад намуд. Шаш чархаи он- ҳар як 600 мегаватт иқтидор доранд. Он дар маҷрои Вахш аз болооб нуҳум хоҳад шуд. Сарбандаш бо баландии 335 метр бузургтарин садди хокию сангӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ин неругоҳ дар минтақа калонтарин мешавад.

Бинобар ҳамин, бо талошҳои Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди соҳибистиқлолӣ дар «Роғун» корҳои барқарорсозӣ шуруъ гардиданд. Қатъи назар аз ҳама мушкилоти сангини иқтисодӣ кор дар ин неругоҳ ҳамеша идома дошт. Сохтмон арсаи нангу номуси миллӣ эълон гардид. Мардум даъватҳои Сарвари давлатамонро, ки алорағми мушкилиҳо мегуфтанд, ки агар зарур ояд, мо «Роғун»-ро бо нохунҳоямон месозем, гарм истиқбол намуда,  қувваю неруяшонро ба анҷоми ҳарчи зудтари корҳо дар ин иншооти сарнавиштсоз равона сохтанд.

Ба аҳамияти муҳими неругоҳ дар ҳаёти мамлакат Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки яке аз он ин аст: «Рушди устувори иқтисодиёт, ободии Ватан, сатҳу сифати зиндагии шоистаи мардум ва ниҳоят, истиқлолияти воқеии Тоҷикистонро бе бунёди неругоҳи «Роғун» таъмин намудан амри маҳол аст. «Роғун» сарчашмаи ифтихори миллии ҳар фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои Тоҷикистони азизамон ва зиндагии пурсаодати фарзандону набераҳоямонро таъмин месозад».

«Роғун»-ро тамоми Тоҷикистон месозад! Дар ин иншооти азим зиёда аз 15 ҳазор нафар кор менамоянд, ки байнашон намояндагони ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ҳастанд. «Роғун» ҷое аст, ки дар он ваҳдати миллӣ, дӯстию рафоқат, далерию шуҷоат тавлид ва кафшер мешаванд. Мо, бешубҳа, шоҳиди ба дунё омадани наслҳои комилан нави шаҳрвандонамон ҳастем. Насле бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ, худшиносу худогоҳ, бо мавқеи фаъоли ҳаётӣ. Ҳангоме ман тавассути телевизион муҳокимарониҳои бунёдкорони одии «Роғун»-ро мешунавам, аз он ҳаловат мебарам. Чӣ қадар суханрониҳои оқилона, андешарониҳои дуруст, бе ягон коғаз ва талқине аз берун.

Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамоми соҳаҳо бориз мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик се самти асосию стратегиро дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд, ки бо татбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои пешрафтаву аз бисёр ҷиҳат тараққикарда мубаддал мегардад.

Аз ҷумла, 26 сентябри соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи корҳои бунёдию созандагии худ, ки аз сиёсати ватандӯстонаи он кас сарчашма мегиранд, ба шаҳри Роғун сафар намуда, дар маросими оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқии обии «Роғун» иштирок намуда, баён доштанд: «Сохтмон ва ба истифода додани ин иншооти азими стратегӣ ҷаҳиши бузурге дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон мебошад».

Муҳимияти Неругоҳи барқии обии «Роғун» дар он аст, ки:

— бо истифодаи неруи барқи ин иншоот силсилаи корхонаҳои азими саноатӣ рушди бештар меёбад, ки дар навбати худ пешрафти мамлакатро ба сатҳи баландтар мебардорад, ба ташаккули иқтисодиёти индустриалӣ – аграрӣ мусоидат менамояд;

— барои истеҳсоли неруи «сабз», яъне пешгирӣ намудани партовҳои зарарнок ба муҳити зист ва риояи меъёрҳои муосири экологӣ имконияти беҳтарин муҳайё месозад;

— имконияти содиротии давлат афзун мегардад, аз ҷумла дар доираи лоиҳаи КАСА–1000, ки ба афзоиши содироти неруи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба бозорҳои ниёзманди энергетикии Афғонистон ва Покистон мусоидат менамояд. Ин лоиҳа ҳам аз нигоҳи татбиқи меъёрҳои тиҷоратӣ ва ҳам аз лиҳози истифодаи воситаҳои технологӣ беҳамто аст. Ҳамзамон Тоҷикистон имкон дорад, ки тавассути афзоиши иқтидорҳои тавлиди неруи барқи худ интиқоли онро тамоми сол таъмин намояд.

Дар назар аст, ки то соли 2030 иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ аз 17 то 45 миллиард киловатт-соат дар як сол ё қариб 3 баробар афзоиш ёфта, ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои соҳа ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ гардад. Ҳамзамон содироти неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза тавассути хатҳои минтақавии интиқоли неруи барқ, аз ҷумла КАСА–1000 то 10 миллиард киловатт-соат ба давлатҳои ҳамсоя зиёд шавад.

АКС: АМИТ «Ховар»