Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Рустами Эмомалӣ: «Барои Тоҷикистон густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон самти муҳим маҳсуб меёбад»

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи «Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023» тазаккур доданд, ки бо назардошти тадриҷан ҷорӣ намудани «иқтисоди сабз» ҳамкории мо метавонад дар  таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон ҳамчун самти ояндадор саҳми арзанда гузорад.

Дар идома таъкид гардид, ки барои Тоҷикистон густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон дар заминаи азхудкунии иқтидорҳои бузурги мамлакат дар соҳаи гидроэнергетика самти муҳим маҳсуб меёбад.

Рустами Эмомалӣ иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат бо дастгирии ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва давлатҳои шарик дар самти тавсеаи бахши гидроэнергетикаи Тоҷикистон нақшаҳои азимро тавассути бунёди иқтидорҳои нави тавлиди неру ва шабакаҳои интиқоли барқ амалӣ менамояд.

Ба таъкиди Рустами Эмомалӣ, ин тадбирҳо ва афзун намудани иқтидори инноватсионии истеҳсолот, баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имконият дар ҳама соҳаҳо ва рушди неруи инсонӣ ҳамчун самти муҳимми ба рушди устувори мамлакат нигаронидашуда минбаъд низ идома дода хоҳанд шуд.

 АКС: АМИТ «Ховар»