Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Рустами Эмомалӣ: «Дар 20 соли охир ба Тоҷикистон беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд»

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 29-уми сентябр зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи «Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023» изҳор доштанд, ки дар Тоҷикистон дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ солҳои охир барои беҳтар намудани суръати тараққиёти соҳаҳои асосии иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ, ба пешравии иқтисоди миллӣ мусоидат намуд.

Ба таъкиди Рустами Эмомалӣ, дар 20 соли охир ба Тоҷикистон беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла ба маблағи умумии 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб гардида, саноатикунонии босуръат яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ эълон шудааст.

«Дар ин самт корҳои назаррас амалӣ гардида, то имрӯз беш аз 3000 ҳазор корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ сохта, ба истифода супорида шудаанд, ки дар натиҷа ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2000-ум 31 баробар афзудааст. Мо имрӯз метавонем бо қаноатмандӣ изҳор намоем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон аз кишвари воридоткунанда ба кишвари содироткунанда табдил ёфтааст»- таъкид намуданд Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ.

АКС: АМИТ «Ховар»