Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Рустами Эмомалӣ: «Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ раванди роҳандозии низоми нави муносибатҳои иқтисодӣ ва тақвияти ҳарчи бештари он амри ниҳоят зарурӣ маҳсуб меёбад»

Тавре Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи «Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023» 29 сентябри соли 2023 изҳор намуданд, дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ раванди роҳандозии низоми нави муносибатҳои иқтисодӣ ва тақвияти ҳарчи бештари он бар асоси таҳкими нақши ҳамоҳангсозӣ амри ниҳоят зарурӣ маҳсуб меёбад ва аз воқеияти имрӯза маълум мегардад, ки  танҳо тавассути кӯшишҳои дастҷамъона, ҳамкории мутақобила ва ҳамгироии давлатҳо  мо метавонем дар рушди муштараки устувор саҳмгузор бошем.

Ба таъкиди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ,  баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023» иқдоми саривақтӣ мебошад ва барои андешидани тадбирҳои муштарак дар самти рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ имконияти мусоид фароҳам меоварад.

Ёдовар мешавем, ки 29 сентябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» оғоз гардида, имрӯз низ идома меёбад

Дар кори форум беш аз 600 нафар соҳибкорону сармоягузорони якчанд давлатҳои олам ва  намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ иштирок доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»