Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Сарвари давлат: «Тоҷикистон аз рӯйи захираҳои оби босифати ошомиданӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд»

Имрӯз дар Паёми шодбошӣ ба иштирокчиёни Форуми байналмилалии сармоягузорӣ Душанбе — 2023 Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон аз рӯйи захираҳои оби босифати ошомиданӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд.

«Воқеан, Тоҷикистон аз рӯйи захираҳои оби босифати ошомиданӣ низ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд ва тавре шумо – соҳибкорони муҳтарам медонед, оби босифати ошомиданӣ яке аз омилҳои муҳимтарин, пеш аз ҳама, барои саломатии одамон, инчунин, барои рушди саноати коркард, бахусус, истеҳсолоти хӯрокворӣ ба ҳисоб меравад», — таъкид намуданд Сарвари давлат.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» оғоз гардид. Дар оғоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони Форуми байналмилалӣ бо паёми видеоӣ муроҷиат намуданд.

Дар кори форум беш аз 600 нафар соҳибкорону сармоягузорони якчанд давлатҳои олам ва  намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ иштирок доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»