Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Се корманди Хадамоти иҷро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуд

7 сентябр дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба  32-солагии Истиқлоли давлатӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд.  Дар ҳамоиши идона  ба  як қатор кормандони хадамот, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти иҷро хабар доданд.

Сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муқаддаси миллӣ таҳният гуфта, таъкид сохт, ки Истиқлоли давлатӣ таҷассумкунандаи асосҳои соҳибихтиёрӣ ва тамомияти ҳудудии мамлакат буда, вобаста ба аҳамияти худ дар низоми сиёсию ҳуқуқӣ мақоми марказиро ишғол менамояд. Соҳибистиқлолии ҳар мамлакат аз неъматҳои олитаринест, ки дар тамоми даврони таърихи башарӣ миллатҳо баҳри расидан ба он талошу ҷонбозиҳо намудаанд.

Таъкид гардид, ки боиси ифтихору сарфарозӣ ва сарбаландии мардуми Тоҷикистон аст, ки дар сарзамини мо сулҳу осоиштагӣ ҳукм меронад ва ин омили муҳимтарини инкишофи тамоми бахшҳои ҳаёти ҷумҳурӣ гардидааст. Аз ин лиҳоз, мавқеи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ пайваста устувортар гардида, қонунгузории пешрафта ва замонавии он ҷойгоҳи сиёсию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба пуштибонӣ ва ҳифз мекунад.

Гуфта шуд, ки ҳамаи дастовардҳои даврони Истиқлол, хусусан  сулҳ, субот, тинҷию амонӣ, тараққиёт, пешрафт, ободию гулгулшукуфоии Ватани азизамон аз ҷасорат, матонат, хислатҳои хайрҳохӣ, инсондӯстӣ ва некпиндории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд.

Бинобар ин, ҳамаи моро зарур аст, ки ин неъмати бебаҳо, яъне Истиқлолият, сулҳу ваҳдатро, ки сарчашмаи ҳаёти осоиштаи мост нигоҳ дошта, баҳри ҳифз, ободу зебо гардонидани сарзаминамон  ҳамеша омода бошем ва ба халқ, Ватани азизи худ ва Пешвои миллат содиқона  хизмат намоем.

«Дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз намудани кормандони мақомот рамзи қадрдонӣ ба хизматҳои онҳо дар ҷодаи пешрафти соҳаи  истеҳсолоти иҷро  мебошад. Ин қадршиносӣ барои ҳар кадоми мо мояи ифтихор ва сарбаландӣ буда, масъулиятамонро баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ  боз ҳам зиёд намуда, моро ба бештар тақвият додани самаранокии фаъолиятамон ҳидоят менамояд»,-гуфт Барно Саидвализода.

Сардори раёстаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳрат Ғанизода сухан намуда, мукофотҳои давлатиро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ ба се нафар корманди мақомот супорид.

Дар барорари ин, аз ҷониби Сардори Хадамоти иҷро ба як қатор кормандон рутбаҳои дараҷавии навбатӣ супорида шуд.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон