Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Ширкати энергетикии «Небрас»-и Қатар барои сармоягузорӣ ба сохтмони НБО-и «Шӯроб» изҳори омодагӣ намуд

29 сентябр дар Давҳа Вазири  рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи ширкати энергетикии «Небрас» Халид Муҳаммад Ҷоло мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мулоқоти мазкур дар ҳошияи ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ вобаста ба имконияти сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ба сохтмони НБО-и  «Шӯроб» маълумот дода шуда, аз ширкати энергетикии Қатар даъват карда шуд, ки барои идомаи сохтмони ин иншооти бузург сармоягузорӣ намояд.

Халид Муҳаммад Ҷоло таъкид намуд, ки оид ба имконияти энергетикии Тоҷикистон маълумот дошта, омодагии худро барои сармоягузорӣ ба НБО-и  «Шӯроб» иброз намуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон