Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Ширкати «IRS»: Барои таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе-Чаноқ зиёда аз 40 ҳазор тонна асфалт харҷ мегардад

Чанде пеш мавсими нави таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе-Чаноқ оғоз гардида, дар назар аст, ки соли равон барои ин кор зиёда аз 40 ҳазор тонна асфалт харҷ шавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, аз аввали фаъолият «IRS» таъмири куллӣ ва ҷории роҳро шурӯъ карда, дар муддати 13 сол «IRS» зиёда аз 2 миллион метри квадратии роҳи Душанбе – Чаноқро таъмиру навсозӣ намуда, бо ин мақсад зиёда 230595 тонна асфалт сарф кардааст.

Агар дар фасли тирамоҳу зимистон кормандони «IRS» ба бартараф намудани тармаҳо, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш машғул шаванд, дар мавсими гармо таъмиру таҷдиди роҳ, рафъи пайомади боришот, омадани сел, лағжиши кӯҳпора ва соҳилмустаҳкамкунӣ самти асосии фаъолияти он маҳсуб мешавад.

Ширкат тӯли 13 сол нигоҳдорӣ ва навсозии 36 кӯпруки ин масирро бо хароҷоти ниҳоят зиёд амалӣ кард. Масалан, 3 пули калон, ки дарозиии ҳар кадомаш аз 42 то 73 метр аст, пурра навсозӣ шудаанд.

Зикр гардид, ки қаблан дар масири роҳи Душанбе – Чаноқ ягон корхонаи истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ барои бахши роҳсозӣ вуҷуд надошт. Тӯли 13 сол дар минтақаи Варзоб 3 завод, Зарафшон — 3, Суғд — 4 , дар маҷмӯъ, 10 корхона барои осон намудани кори роҳсозӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.


Бо мақсади таъмини фаъолияти муназзами заводҳои мазкур харидории битум ва бо тавсеа ёфтани таъмиру навсозии роҳ, бартарафсозии тармаҳо, соҳилмустаҳкунӣ ва ғайра харидории сӯзишворӣ хеле афзуда, ҳар сол ҳаҷми зиёди ин мавод дастрас мешавад.

Кишваре, ки дар назди худ ҳадафи пешрафту тараққиётро гузоштааст, бе сохтмону навсозӣ кардан ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани шабакаҳои дохилии коммуникатсионӣ рушди муназзаму устувори худро таъмин карда наметавонад. Бозсозии роҳи Душанбе — Чаноқ, ки аз лиҳози стратегӣ моҳияти хосаро доро буда, пайвандгари ҷанубу шимоли мамлакат маҳсуб меёбад, аз ҷумлаи ибтикороти зикршуда аст. Табиист, ки роҳҳои ба тозагӣ бунёдгардида нигоҳубини мунтазамро бо истифода аз техникаву механизмҳои замонавӣ тақозо менамоянд.

Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқро дар асоси шартномаи консесионӣ ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намуд. Иҷрои рисолати тибқи шартномаи консессионӣ ба зиммаашон вогузорбуда зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад.

Имсол низ чун солҳои қаблӣ муносибати масъулини филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро шудани ин кор ҷиддӣ буда, корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва техникаҳои барои таъмир махсусгардонидашуда пурра омодаанд.

АКС: Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛДТ» дар ҶТ