Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Ширкатҳои энергетикии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 3 санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Дар доираи «Форуми байналналмилалии сармоягузории Душанбе-2023» ҷаласаи панелӣ дар мавзуи «Тоҷикистон-кишвари энергияи сабз ва иштироки бахши хусусӣ дар рушди соҳаи энергетика» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, Вазири энергетика ва инфросохтори Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳайл Ал Мазруи, ҳайатҳои давлатҳои хориҷӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа нахуст доир ба имконияти соҳаи энергетика дар Тоҷикистон маълумот дода шуд.

Вазири энергетика ва инфросохтори Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳайл Ал Мазруи доир ба ҳамкорӣ ва рушди соҳа сухан гуфта, барои тақвияти ҳамкорӣ дар рушди соҳаи энергетика изҳори омодагӣ намуд.

Дар хотимаи ҷаласа 3 санади ҳамкорӣ байни ширкатҳои энергетикии Тоҷикистон бо ширкатҳои энергетикии Амороти Муттаҳидаи Араб ба имзо расонида шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»