Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо ширкатҳои Узбекистон, Туркия ва Русия 6 ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

29 сентябр дар доираи «Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе-2023» дар мавзӯи «Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ, имкониятҳои рушди соҳа» ҷаласаи панелӣ доир гардид, ки дар он соҳаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз омилҳои рушди иқтисоди миллӣ, муаррифгари фазои сармоягузорӣ ва воситаи тарғибу ташвиқи имконот, рушд ва тараққиёти мамлакат мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадафи чорабинӣ муаррифии бештари шароит ва имконоти фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармоя, ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, ҳамчунин фароҳамсозии имконият барои рушди тиҷорати рақамӣ бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат арзёбӣ гардид.

Дар ҷаласа мавзуъҳои соҳаи сайёҳӣ ва ислоҳоти он, имтиёзҳои соҳаи сайёҳӣ, муаррифии лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи сайёҳӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ҳамчун омили муҳими истифодаи босамари захира ва имкониятҳои сайёҳӣ, самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ дар Тоҷикистон, бренди сайёҳӣ ва раванди ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, истифодаи самараноки обҳои минералӣ ва шифобахш, гиёҳҳо ва иқтидорҳои табобатии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар анҷоми чорабинӣ барои тақвияти ҳамкории муқштарак дар самти бахши сайёҳӣ байни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои Узбекистон, Туркия ва Русия Россия 6 ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»