Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО».Ба ин муносибат филми мустанад — «Пиряхҳои Тоҷикистон» таҳия мегардад

То моҳи декабри соли равон дар Тоҷикистон филми мустанад таҳти унвони «Пиряхҳои Тоҷикистон» ба навор гирифта мешавад. Ҳамчунин таҳти ҳамин унвон албоми аксҳо таҳия ва нашр мегардад. Дар ин хусус дар банди 8-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ибтикори панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон шудани «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дарҷ гардидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»

Филми мустанад аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ибтикори панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон шудани «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ба тасвиб расид.

Хотиррасон мешавем, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатънома дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард. Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин як қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20 сентябри соли равон иброз доштанд, ки «дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор пирях ба қайд гирифта шудааст. 60 фоизи захираҳои оби минтақа дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбад. Мутаассифона, тайи даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор пирях аз байн рафтааст, ки ин барои амнияти озуқаворӣ, дастрасӣ ба об ва нигоҳдории экосистемаи Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонида метавонад. Обшавии босуръати пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тоза андешидани тадбирҳои мушаххас, аз ҷумла пажӯҳиш, ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот ва ҳамкориҳои амиқи байналмилалиро тақозо мекунад».

«Дар ин росто, ба ҳамаи кишварҳои узв барои ҳамкорӣ дар қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» миннатдории худро иброз намуда, барои муттаҳид сохтани талошҳо ҷиҳати татбиқи ҳадафмандонаи ин қатънома даъват менамоям.Мо дар доираи Гурӯҳи навтаъсиси “Дӯстони пиряхҳо” ва берун аз он омодаи ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар татбиқи ваколатҳои қатъномаи мазкур ҳастем.Тоҷикистон мутмаин аст, ки ин иқдом ба андешидани тадбирҳои дастҷамъона ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид», — тазаккур доданд Сарвари давлат.

Дар Тоҷикистон айни ҳол «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» амалӣ мегардад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз