Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Sputnik: Русия ба Тоҷикистон дар ҳалли мушкили обшавии пиряхҳо кумак хоҳад кард

Русия ба Тоҷикистон кумаки машваратии олимонро дар ташкили мониторинги яхбандии абадӣ пешниҳод кардааст. Ин ибтикор аз ҷониби  Вазири захираҳои табиӣ ва экологияи Федератсияи Русия Александр Козлов садо дод, хабар медиҳад агентии иттилооти  Sputnik.

Қаблан Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумиати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Александр Козлов дар чаҳорчӯби  Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028, ки рӯзҳои 6-9 июнь дар Душанбе баргузор шуд,  мулоқот карда буд. Дар ин нишаст Шерализода ва Козлов ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаи муҳити зистро баррасӣ карданд.

Намояндаи Русия гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон «ба нақша гирифтааст, ки кор дар пиряхҳоро оғоз кунад». Обшавии онҳо мушкилӣ пеш хоҳад овард»,   таъкид кард ӯ.

«Пешниҳод кардем, ки таҷрибаи худ оид ба ташкили мониторинги яхбандии абадиро мубодила кунем. Мо аллакай ба ин кор машғулем ва ҳоло системаи давлатии мониторингро таъсис дода истодаем, ки  он 140  истгоҳи назорати ҳолати яхбандии абадиро дарбар хоҳад гирифт», —  афзуд Козлов.

Ӯ Шерализодаро ба Санкт-Петербург, ба Пажӯҳишгоҳи илмии Арктика ва Антарктикаи Росгидромет даъват кард, ки дар он мутахассисон омодаанд таҷрибаи кор бо яхбандии абадиро мубодила кунанд.

                                     АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҶТ/АМИТ «Ховар»