Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, якшанбе, 274-умин рӯзи соли 2023 аст

Дар ин рӯзи соли 1843 бори нахуст рӯзномаи маъруфи Британияи Кабир «The News of the World» ба нашр расид.

***

1 октябри соли 2002 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

***

14 сол пеш, 1 октябри соли 2009 дар шаҳри Норак Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди «Чормағзак» -ро расман ифтитоҳ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Парлумони Тоҷикистон Созишномаи Тоҷикистон ва Русия дар бораи будубоши пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар Тоҷикистонро тасдиқ намуд.

***

1 октябри соли 2015 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 8 млн 486 ҳазору 300 нафар расид.

***

***

Соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи  байналмилалӣ  оид ба содагардонӣ  ва ҳамоҳангсозии  расмиёти гумрукӣ (дар таҳрири нав) ҳамроҳ гардид.

***

1 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии пиронсолон.

***

Рӯзи байналмилалии нафароне, ки аз маҳсулоти гӯштӣ парҳез мекунанд.

***

Дар Узбекистон — Рӯзи омӯзгорон

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони прокуратура.