Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 май, панҷшанбе, 139-умин рӯзи соли 2022 аст

19 майи соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон дар бораи эълон гардидани соли 2004 ҳамчун Соли санъати эстрадаи муосир Фармон ба имзо расониданд.

***

12 сол пеш, 19 майи соли 2010  дар мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли ҷамъияти байналмилалии ҷавонони мусулмон Муҳаммад Бодаҳдаҳ масоили мавриди таваҷҷуҳ ва тадбирҳои минбаъдаи судманд баррасӣ гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Чианг Майи Шоҳигарии Таиланд Форуми дуввуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзӯи «Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут ба об»  баргузор гардид.

19 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Туркия иди миллӣ – Рӯзи ҷавонон ва варзиш.

РӮЙДОДҲО:

19 майи соли 2009 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи XXIX Шӯрои байнидавлатӣ оид ба заминсозӣ, харитасозӣ, кадастр ва тадқиқи фосилавии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид.

***

19 майи соли 2011 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аввалин ҳисобот ва сомонаи худро муаррифӣ намуд.

***

6 сол пеш, 19 майи соли 2016 дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе Форуми доираи соҳибкории Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1907 Ассотсиатсияи футболи Финландия таъсис дода шуд.

***

19 майи соли 1930 дар Африқои Ҷанубӣ ба занони сафедпӯст иҷозаи дар интихобот иштирок кардан дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2008 дар шаҳри Москва сомонаи нави Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия кушода шуд.