Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, ҷумъа, 272-юмин рӯзи соли 2023 аст

Дар ин рӯзи соли 1926 ноҳияҳои Айнӣ, Ашт ва  Нов (ҳозира Спитамен) ташкил ёфтанд.

***

29 сентябри соли 1973 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Мексика  зиёда аз 700  нафар ба ҳалокат расиданд.

***

Соли 2000 марди 93-солаи австриягӣ куҳансолтарин одами дунё буд, ки мехост ҳуҷҷати ронандагӣ ба даст орад.

***

12 сол пеш, 29 сентябри соли 2011 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳавопаймои нави худ — «Боинг 737-900»-ро муаррифӣ намуд, ки он дар фазои ИДМ нав пайдо шуда буд.

***

29 сентябри соли 2013 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг мактаб-интернат барои 320 нафар хонанда бо хобгоҳ ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

***

29 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ ва диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии умумибашарӣ ҷалб намуданд.

***

29 сентябри соли 2015 ба будубоши дивизияи 201-уми ҳарбии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон  70 сол пур шуд.

***

7 сол пеш, 29 сентябри соли 2016 дар Қасри Миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Николай Бордюжа мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

***

Соли 2016 ВАО хабар доданд, ки Тоҷикистон дар раддабандии нави Форуми байналмилалии иқтисодӣ зинаи 77-умро соҳиб шуд.

29 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии дил.

***

Рӯзи байналмилалии духтури касалиҳои гӯшу гулӯю бинӣ.

***

Рӯзи Конститутсия дар Бруней.