Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

«ТАНАФФУСИ КАЛОН». Мактаббачагони Тоҷикистон дар «Артек»-и Сочи дар ин озмун ғолиб омаданд

Дар Маркази байналмилалии кӯдаконаи «Артек»-и Сочи натиҷаҳои озмуни умумирусиягии «Танаффуси калон» ҷамъбаст шуданд. Дар озмун зиёда аз 900 хонанда  аз 30 давлати ҷаҳон  иштирок намуданд. Дар озмуни байналмилалӣ 12 ҷавони тоҷик аз Душанбе, Турсунзода, Хуҷанд иштирок намуда, се нафарашон дар номинатсияҳои худ ғолиб омаданд. Ин се нафар ба «Сайри орзуҳо»- аз шаҳри Санкт-Петербург то Владивосток роҳхат гирифтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

 Дар идомаи сафар хонандаҳои тоҷик метавонанд кӯҳҳои Урал, Карелия, кӯли Байкал, космодром «Шарки» — ро бубинанд ва инчунин дар барномаи таълимӣ ва фарҳангӣ иштирок намоянд.

Дар озмун хонандаҳо ва хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии  шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои мамлакат   лоиҳаҳои таҳиякардаи  худро  муаррифӣ намуда, назари худро дар бораи Фестивали ҷаҳонии ҷавонон баён доштанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз