Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Тоҷикистон ва Амрико вазъ дар Афғонистон, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро баррасӣ намуданд

Имрӯз, 31 май, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи вежаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон Томас Вэстро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Дар вохӯрӣ вазъ дар Афғонистон, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардиданд»,- гуфта мешавад дар хабари ВКХ Тоҷикистон.

Ҷонибҳо зарурати густариши ҳамкорӣ барои таҳкими марзҳо ва  расонидани кумакҳои башардӯстонаро ба мардуми Афғонистон  зикр карданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 25 май дар шаҳри Душанбе даври нуҳуми машваратҳои солонаи сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ Доналд Лу баргузор шуд.

Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, инчунин дар бахшҳои тандурустӣ, маориф ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин доир ба муқовимат бо таҳдиду чолишҳои муосир, ҳуқуқи инсон ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз табодули афкор сурат гирифт.

Акс: ВКХ ҶТ