Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Тоҷикистон ва Барномаи шуъбаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ҳамкориро баррасӣ карданд

16 май Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо роҳбари Барномаи шуъбаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL) дар Вашингтон Тереза Грентхем вохӯрӣ баргузор намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохурӣ ҷонибҳо дар бораи самтҳои фаъолияти Агентӣ ва вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, инчунин оид ба ҳамкории судманди дуҷониба дар самти мубориза, назорат ва  пешгирии нашъамандӣ ибрози назар намуданд.

Дар анҷоми вохурӣ Тереза Грентхем оид ба ҳамкории минбаъдаи мутақобилан судманди Агентӣ ва Барномаи INL суханронӣ намуда, аз сатҳи ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ кард.

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон