
16 май дар Қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, ки барои иштирок дар Форуми якуми байналмилалии бознигарии масъалаи муҳоҷират дар Ню-Йорк ҳузур дорад, бо Намояндаи вежаи Хазинаи байналмилалии асъор дар СММ Роберт Паувел мулоқот намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба масоили муҳоҷирати меҳнатӣ табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо муовини вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирати Эквадор Силвия Эспиндола доир гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо дар баробари дигар мавзӯъҳои эҳтимоми муштарак инчунин оид ба масоили мубрами раванди муҳоҷират табодули назар карданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон