Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо муовини Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот кард

7 июн  дар доираи  Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои  2018-2028» дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф мулоқоти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид  Амина Муҳаммад баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.

Дар  мулоқот Вазири маориф ва илми мамлакат Раҳим Саидзода бо изҳори қаноатмандӣ иброз намуд, ки бо мақсади иҷрои ташаббуси роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба бозбинии соҳаи маориф дар ҳамаи манотиқи кишвар ҷанбаҳои имконпазири таҷдиди соҳа  дар сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ машваратҳо баргузор гардиданд.

«Дар назар аст, ки моҳи сентябри соли равон дар доираи  ҳафтаи баландпояи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Саммити таҷдиди назари соҳаи маориф баргузор гардад, ки дар он масъалаҳои мубрами соҳаи мазкур  таҷдиди назар карда мешаванд»,-гуфт Раҳим Саидзода.

Дар идомаи мулоқот таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯз ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ равона карда шудааст. Ин аст, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидааст.

Ҳамзамон, бо мақсади  рақамикунонии таҳсилоти умумӣ, ба вуҷуд овардани шароит барои таҳсилоти фосилавӣ дар кишвар  татбиқи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-комуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул ва амалӣ шуда истодаанд.

Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад дар навбати худ аз ҳамкории Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон  бо СММ изҳори  миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки баъди  пандемияи КОВИД-19 баргузор намудани чунин як конференсияи сатҳи баланд дастоварди хеле бузург аст.

«Пандемияи КОВИД-19 исбот кард, ки дар чунин ҳолатҳои ҳассос барои наҷоти инсоният  танҳо илм ва дониш муҳимтарин васила ба шумор меравад ва аксарият дарк карданд, ки маҳз илму дониш арзиши олӣ мебошад», — таъкид кард Амина Муҳаммад.

Баъд аз мулоқоти расмӣ меҳмонон бо  раванди кор дар «Маркази таълимӣ ва омӯзиши инноватсионӣ» шинос шуданд. Зимни боздид аз марказ иттилоъ дода шуд, ки он пурра бо технологияи муосир ҷиҳозонида шудааст. Таъсиси марказ имкон медиҳад, ки дар самти такмили ихтисоси омӯзгорон бо дарназардошти пешрафти илм ва ба вуҷуд омадани шаклҳои инноватсионии таълим ислоҳоту навовариҳо ворид карда шавад. Марказ аз студияҳои сабти дарсҳои аудиоию видеоӣ, маркази дастгирии омӯзгорон, ҳуҷраи танзимнамоӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхона бо 27 ҷойи нишаст ва толори баргузории омӯзишҳо иборат мебошад, ки метавонад дар амалӣ гардидани рақамикунонии системаи такмили ихтсисос нақши бориз гузорад.

 АКС: Вазорати маориф ва илми ҶТ