Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Вазирони иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон ва Қатар густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Дар ҳошияи ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қатар оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию  техникӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад Оли Сонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба тақвияти робитаҳои дуҷониба дар самтҳои сармоягузорӣ, иқтисодиёт, тиҷорат, саноат баррасӣ гардида, аз ҷониби З. Завқизода лоиҳаҳои сармоягузории мушаххас пешниҳод шуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати иҷрои супориши роҳбарони ҳар ду давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Аълоҳазрат муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои протоколи ҷаласаи комиссия корҳои мушаххасро амалӣ менамоянд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон