Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Завқӣ Завқизода бо Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ мулоқот намуд

28 сентябр дар ҳошияи ҷаласаи  чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ изҳори омодагӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки ба ин мақсад барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории мушаххас талоши бештар намоянд.

Аз Сарвазири Давлати Қатар ба ҳайси раиси Шӯрои директорони иҷроияи Мудирияти сармоягузории Қатар хоҳиш карда шуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, бахусус маблағгузории сохтмони НБО-и  «Роғун», лоиҳаи сохтмони Фурудгоҳи байналмилалии мусофиркашонию боркашонӣ (карго) дар ноҳияи Данғара, модернизатсияи ҶСК «Ширкати Алюминии Тоҷик» (Талко), идомаи сохтмони маҷмааи истиқоматии «Диёри Душанбе», сохтмони биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе ва инфрасохтори сайёҳӣ, кушодани хатсайрҳои мусофирбарии мустақим байни Душанбе ва Давҳа, инчунин қабули 4 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳоҷиратӣ меҳнатӣ мусоидат намояд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон