Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Зиёда аз 1,2 км роҳи деҳаи дурдасти Кадучии шаҳри Турсунзода асфалтпӯш карда шуд

Зиёда аз 1,2 км роҳи деҳаи дурдасти Кадучии Ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкорону сокинони маҳал асфалтпӯш карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.

Деҳаи Кадучӣ аз зумраи деҳаҳои дурдасттарини Ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода буда, сокинони он асосан ба боғдорӣ ва чорводорӣ машғул мебошанд.

Иқдоми асфалтпӯшкунии роҳҳои маҳаллӣ ва байнидеҳавӣ, ки дар қаламрави шаҳри Турсунзода бештар бо саҳмгузории соҳибкорону сокинони маҳаллӣ амалӣ мегардад, сокинони заҳматпешаи деҳаи Кадучиро бетараф нагузошт.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода