Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

15 нафар устодону омӯзгорони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон дар дар курсҳои бозомӯзии Узбекистон такмили ихтисос мекунанд

Дар доираи ҳамкории вазоратҳои фарҳанги ҷумҳуриҳои Тоҷикистону  Узбекистон ва иҷрои  «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат, табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» 15 нафар устодону омӯзгорони соҳа аз муассисаҳои таълимии вазорат ҷиҳати такмили ихтисос дар курсҳои бозомӯзӣ, аз 1 июни соли 2022 ба Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон сафарбар гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Аз ҷараёни бозомӯзии устодону омӯзгорони тоҷик Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон Озодбек Назарбек дидан намуда, бо онҳо мулоқоту  суҳбатҳои  самимӣ баргузор намуд.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафт ва комёбиҳои назаррас дар соҳаи фарҳанг як зумра  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд. Аз ҷумла, қабули «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат, табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017 тасдиқ шудааст, барои фаъолияти самараноки соҳа, беҳтар кардани сифати баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ мусоидат мекунад.

Барномаи мазкур механизми амалишивии сиёсати давлатиро дар омода кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг, санъат, табъу нашр, бозомӯзии кадрҳои соҳа, самаранокии таҳсилот дар соҳаи фарҳанг ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон, баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ, такмили касбияти кормандони педагогию эҷодии муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг шароити зарурӣ фароҳам меоварад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон