Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Алишер Ҷалилов ҷароҳат бардошт ва дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 иштирок намекунад

Нимҳимоятгари дастаи миллии Тоҷикистон Алишер Ҷалилов дар бошгоҳи АГМК-и Узбекистон ҷароҳат бардошта, дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 8 то 14 июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон  баргузор мешавад, ширкат варзида наметавонад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

23 май дар бозии сафарии Суперлигаи Узбекистон-2022 бо дастаи «Динамо»-и Самарқанд (2:1) Алишер Ҷалилов осеби ҷисмонӣ дид.

Ба ақидаи табиби дастаи мунтахаби Тоҷикистон Фаррух Авезов, муҳлати  барқароршавии вазъи саломатии бозигар якуним моҳро ташкил медиҳад.

Акс: ФФТ