Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

«Амонатбонк» ва «Бонки рушди Беларус» Созишномаи умумӣ оид ба маблағгузории содиротӣ ба имзо расониданд

Байни бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳури Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Бонки рушди Беларус» Созишномаи умумӣ оид ба маблағгузории содиротӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» хабар медиҳад.

Созишномаро раиси Бонки давлатии «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ ва раиси раёсати « Бонки рушди Беларус» Александр Егоров ба имзо расониданд

Санади мазкур дар доираи баргузории ҷаласаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Минск ба имзо расонида шуд.

Ин санад байнисоҳавӣ буда, ба имзо расонидани он дар рушди муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ ва бонкдории Тоҷикистон ва Беларус ба манфиат аст, зеро ҳадафи ҷонибҳо густариши гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо мебошанд.

АКС: Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонг «Амонатбонк»