Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Баҳодур Шерализода ва Дэвид Моран масъалаҳои Конфронси 27-уми дарпешистодаро оид ба тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд

7 июн дар доираи баргузории  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Сафири минтақавӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ  Дэвид Моран баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд, дар вохӯрӣ мусоҳибон масъалаҳои Конфронси 27-уми дарпешистодаи ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлимро баррасӣ намуданд.Масъалаҳои маблағгузории иқлим ва мутобиқшавӣ ба он  мавзӯи асосии муҳокимаи конфронси дарпешистода буда, барои мамлакат  муҳимият дорад.

Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои манъи истифодаи халтаҳои пластикӣ то 15 микрон, барқарорсозии ҷангал ва такмили низоми мониторинги муҳити зист ва тағйирёбии иқлим баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо дар мулоқот доир ба дурнамои ҳамкории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои хориҷӣ, масълаҳои Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир изҳори назар карданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ