Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ҶОМИ ОСИЁ-2023. Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон бо тими Сингапур бозӣ мекунад

Имрӯз, 11 июн дар доираи даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Сингапур бозӣ мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ин вохӯрӣ соати 15:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Пахши мустақими бозиро шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» ба роҳ мемонанд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии якуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 тими миллии Мянмарро бо ҳисоби 4:0 мағлуб кард.

Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 2

11 июн (шанбе)

Даври 3

14 июн (сешанбе)

Эзоҳ: оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.

Акс: ФФТ