Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022. Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои даври навбатӣ доир мешаванд

Шоми имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои даври навбатии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо Эрон ва Узбекистон бо Қирғизистон баргузор мегарданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Аз ин пеш дар бозиҳои даври навбатии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дастаҳои мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо Узбекистон ва Эрон бо Афғонистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе миёни ҳам рақобат карда буданд.

Дар даври мазкур дастаи мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби наврасони Узбекистон бо ҳисоби 2:0 мағлуб гардид ва дастаи мунтахаби наврасони Эрон бо натиҷаи 1:0 дастаи мунтахаби наврасони Афғонистонро шикаст дод. Мавриди зикр аст, ки аз ин пеш дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври сеюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Душанбе ҷараён дорад, бо дастаи мунтахаби наврасони Афғонистон бо ҳисоби мусовии 0:0 бозӣ кард.

Бозии дастаҳо 16 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шуда буд. Дар бозии дигари даври сеюми Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола Эрон бо ҳисоби 2 бар 0 ҳамтоёнаш аз Қирғизистонро мағлуб намуд. Чемпионат аз рӯйи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки баъди ин давр дастаи мунтахаби то 16-солаи Узбекистон бо 7 имтиёз аз рӯи натиҷаи голҳои задааш дар ҷои аввал ҷойгир аст. Дастаи мунтахаби наврасони Эрон бо 7 хол дар мақоми дуюм қарор дорад. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо 4 хол дар зинаи сеюм меистад, дастаҳои мунтахаби наврасони Афғонистон бо 2 хол ва Қирғизистон бо 1 хол дар ҷойҳои чаҳоруму панҷум қарор доранд.

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 1

Даври 2

Даври 3

Даври 4

18 май (чоршанбе)

Даври 5

20 май (ҷумъа)

Акс: ФФТ