Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Имрӯз Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев бо ҳарифонашон рақобат мекунанд

Имрӯз се паҳлавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев, ҳарду дар вазни то 81 кг дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо миёни калонсолон дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон баромад мекунанд. Дар ин бора шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Тавре қаблан хабар додем, 4 август дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нур-Султон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо оғоз гардид, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 9 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон) доир мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки дирӯз паҳлавони ҷавони тоҷик Муҳаммад Маҳмадизода дар вазни 60 кг дар рақобатҳои Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни калонсолон бинобар доштани вазни изофӣ иштирок карда натавонист.

Ҳамчунин дар ин рӯз паҳлавони дигари тоҷик Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни то 66 кг бо шикаст додани варзишгари ҳиндӣ Нитин Ҷуҳан ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт ва дар ин давр аз варзишгари ҷопонӣ Риёма Танака шикаст хӯрда, ба даври тасаллобахш рафт. Дар даври тасаллобахш Шаҳбоз аз Эрхембайар Баттогтохи муғул мағлуб гардид ва имкони ба даст овардани нишони биринҷиро дар ин мусобиқа аз даст дод.

АКС аз манбаъҳои боз