Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Варзишгарони тоҷик Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд

Дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо миёни калонсолон дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон паҳлавонони тоҷик Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг мутаносибан медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Шодмон Ризоев дар даври финалии мусобиқа бо паҳлавони ҷопонӣ Такеши Сасаки рақобат карда, бо имтиёзи иппон мағлуб шуд ва соҳиби медали нуқра гардид.

Дар роҳ ба ба даври финалӣ Шодмон Ризоев Чуанг Шанг Чин аз Тайпеи Чин, Владамир Золоев ва Асад Масабиров аз Қирғизистонро мағлуб кард.

Варзишгари дигари тоҷик Сомон Маҳмадбеков барои ба даст овардани медали биринҷӣ дзюдочии қирғиз Асад Масабировро шикаст дод.

Ӯ то ба расидан ба ин марҳила дар даври 1/8 финалӣ бар паҳлавони узбек Рамазон Аллабердиев дастболо шуда, дар даври 1/4 финалӣ аз дзюдочии ҷопонӣ Такеши Сасаки ноком гардид ва ба даври тасаллобахш роҳ ёфт. Сомон Маҳмадбеков дар даври тасаллобахш бар варзишгари Муғулистон Эрденбайар Батзайаро бо имтиёзи иппон пирӯз шуда, барои ба даст овардани медали биринҷӣ бо дзюдочии қирғиз Асад Масабиров рӯи татамӣ қувваозмоӣ карда, ғолиб омад.

Бояд тазаккур дод, ки нахустин қувваозмоии Сомон Маҳмадбеков зери вазни -81 кг аст. Аз ин пештар ӯ зери вазни -73 кг ҳунарнамоӣ мекард.

Паҳлавони дигари тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода мутаассифона медал ба даст оварда натавонист ва миёни 16 дзюдочии вазни -73 кг ҷойи 5-умро ишғол кард.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали рақобатҳо Шаҳбоз Саидаброров мағлуб ва Муҳаммад Маҳмадизода бинобар доштани вазни изофӣ иштирок карда натавонист.

Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон нуҳ нафар паҳлавонон намояндагӣ мекунанд.

Дар Чемпионат 182 нафар варзишгарон аз 19 кишвари Осиё иштирок доранд.

АКС: «ТВ Варзиш»