Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар Бадахшон доир ба амалӣ намудани бандҳои Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-оммавӣ доир шуд

Бо мақсади фаҳмонидани моҳият ва аҳамияти риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси «Одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамоиши илмӣ-оммавӣ баргузор шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.

Муовини Раиси вилоят Нилуфар Асламшоева таваҷҷуҳи кормандони дастгоҳи раиси ВМКБ ва хизматчиёни давлатиро ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиши амиқи забони давлатӣ ва муоширату муколамаи озодонаву дуруст бо ин забон равона намуд.

Дар даврони истиқлолият забони давлатӣ дар саросари мамлакат ҷойгоҳ ва мақому манзалати шоиста касб намуда, имрӯзҳо ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар соҳаҳои сиёсату иқтисод, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, муносибатҳои дипломативу тиҷоратӣ нақши калидӣ дорад. Вале бояд гуфт, ки зимни амалишавӣ ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар тамоми идораву муасисаҳои давлатӣ, хусусию ҷамъиятӣ ҳанӯз ҳам камбудиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд, ки роҳи ҳаллашон бештар аз зиёиён вобаста мебошад.


Декани факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ Азатшо Насриддиншоев мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикиро яке аз дастовардҳои муҳими замони истиқлолият хонда, иброз дошт, ки “қабули қонун дар бораи забони давлатӣ барои эҳё, такомул ва рушди ин забон воқеан заминаи устувор гузошта, акнун сокинони кишвар на танҳо дар ҳамоишу нишастҳои маҳаллӣ, балки байналмилалӣ низ бо ин забон озодона суҳбат мекунанд. Ман аз ҳамкасбону ҳамкорон ва роҳбарони идораву муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ даъват мекунам, ки ҳангоми ҳуҷҷатнигорӣ ва ё навиштани шиору овезаҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба навишти дурусти калимаву ибораҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Зеро як хатоии кучак дар имло метавонад садҳо нафар сокинони шаҳрро ба иштибоҳ андозад ва ғалатнависиро ривоҷ диҳад. Устодони донишгоҳ омодаанд, ки барои кормандони идораву муассисаҳои давлатӣ, бахусус бахшҳои кор бо кадрҳо, ки бештар бо ҳуҷҷатгузорӣ сару кор доранд, давраҳои омӯзишии ройгон ба роҳ монанд”.

Мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси дастгоҳи раиси ВМКБ Хоҷаназар Имомназар дар баробари шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчунин аз Кодекси «Одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ёдоварӣ намуда, баён дошт, ки “ҳар хизматчии давлатӣ бояд бо гуфтор ва суханронии зебову шевои худ барои дигарон намунаи ибрат бошад. Ғанисозии захираи луғавии забон танҳо ба василаи мутолиаи зиёди асарҳои бадеӣ ва ширкат дар намоишҳои театрӣ ба кас муяссар мегардад”.

Зимни ҳамоиши илмӣ-оммавӣ аз устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар татбиқи Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамкории бештар ба роҳ монанд.

АКС: АМИТ «Ховар»