Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар Кӯлоб дар мавзӯи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити таъғйирпазирии ҷаҳон» ҳамоиш доир шуд

«Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити таъғйирпазирии ҷаҳон» — таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир гардид, ки дар он олимон, коршиносони масоили сиёсӣ ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки яке аз дастовардҳои бузурги Пешвои миллат дар радифи барқарорсозии сулҳу субот ва ваҳдат дар кишвар, таҳкими равобити байналмилалӣ ва муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо ҳамсояҳои наздик -кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Шарқи Наздик, Амрико, Аврупо ва Африқо мебошад. Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дӯстонаи дипломатиро ба роҳ монда, самти асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муносибатҳои байналмилаӣ сиёсати «дарҳои боз» мебошад.

Дар ҳамоиш профессорон Абдураҳмон Муҳаммад ва Махфират Хидирзода дар мавзӯҳои «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти миллӣ», «Моделҳои муосири идоракунии сиёсӣ ва истифодаи онҳо дар таҷрибаи давлатдории Пешвои Миллат» ва дигар иштирокдорони конфронс доир ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, самтгирии геополитикии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити тағйирпазирии ҷаҳон ва дигар мавзуоти муҳими марбут ба нақши Пешвои миллат дар таъмини амнияти миллии кишварҳои минтақа дар шароити феълии ҷаҳони муосир маърӯза намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб