Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дастаи ҷудои Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар Португалия иштирок менамояд

«Ховар»/. Аз 4 то 7 октябр дар шаҳри Одивелоси Португалия дар доираи «World Judo Tour» Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он 9 варзишгари тоҷик иштирок менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар Португалия Тоҷикистонро Садриддинзода Фазлиддин (-66кг), Абубакр Шеров (73кг),   Муҳиддин Асадуллоев (73кг),   Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (81кг),  Сайфидин Сайфидинзода (81кг), Сомонӣ Кишваров (90кг),  Умедҷон Раҷабов (90кг), Парвиз Абдураҳмонов (100кг) ва Иброҳимҷон Элмуродов (100кг) муаррифӣ менамоянд.

Дар мусобиқа иштироки 582 варзишгар аз 75 давлати ҷаҳон дар назар аст.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон