Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дастаҳои «Истиқлол», «Хуҷанд» ва «Хатлон» дар бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон ғолиб омаданд

18 май дар варзишгоҳҳои мамлакат чор бозии даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар сатҳи баланд доир гардид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар ин бозӣ дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе аввалин пирӯзиашро дар Чемпионати Тоҷикистон-2022 ба даст овард. Дар даври ҳаштум душанбегиҳо дар бозии хонагӣ бар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд. Голҳои дастаи «Истиқлол»-ро Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров, Шервонӣ Мабатшоев ва голи дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро Фатҳулло Фатҳуллоев ба нишон расониданд.

Пешсафи чемпионат –дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар майдони худ дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафарободро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд. Голи пирӯзиовар дар дақиқаи 57-ум аз ҷониби Нуриддин Ҳамроқулов зада шуд. Дар бозии дигар дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро бо натиҷаи минималии 1:0 мағлуб намуд. Голи ягонаро Фирдавс Чақалов ба нишон расонид.

Дар бозӣ миёни дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ғолиб муайян нашуд. Вохӯрии дастаҳо мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт. Ҳар чор гол дар нимаи дуюми бозӣ зада шуд. Бозингарони дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ Доробҷон Эргашев дар дақиқаи 63, Амирҷон Сафаров дар дақиқаи 72 ду гол зада, дастаашонро ба пеш бароварданд, аммо дастаи футболи КМВА-и шаҳри Душанбе дар дақиқаҳои охир тавонист ду гол зада, аз бохт наҷот ёбад. Голҳои КМВА-ро Хуршед Абдуллоев ва Наврӯз Рустамов ба ҳадаф расонид.

Ёдовар мешавем, ки як бозии дигари даври ҳаштум 22 май миёни дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад.

Натиҷаи  дастаҳо  дар  ҷадвали  Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ

                                                                   Б  Ғ  М  Б  Т    И
1  «Хатлон» (Бохтар)                             8  5  3  0  10-4  18

2  КМВА(Душанбе)                                7  4  1  2  11-10   13

3  «Равшан» (Кӯлоб)                             6  3  2  1  6-5  11

4  «Файзканд» (Восеъ)                          7  3  2  2  10-11  11

5 «Хуҷанд» (Хуҷанд)                             8  2  4  2  6-4    10

6  «Эсхата» (Хуҷанд)                              6  2  1  3  11-12 7

7  «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)          8  2  1  5  8-11   7

8  «Равшан» (Зафаробод)                    8  1  3  4  8-15  6

9  «Истиқлол» (Душанбе)                    3 1  2  0  4-3 5

10   «Истаравшан» (Истаравшан)        7  1  1  5  7-7    4

Акс: ФФТ