Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ФУТЗАЛ.«Равшан», «Соро компания» ва «Сипар» дар бозиҳои даври дуюми Суперлигаи Тоҷикистон ғолиб гардиданд

Бозиҳои даври дуюми Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал дар толорҳои  варзишӣ мамлакатамон хеле ҷолиб  баргузор шуданд. Бо натиҷагирӣ аз ду даври бозиҳо дастаи футзали «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо 6 хол дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи футзали «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар даври дуюм бар дастаи  КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 6:5 пирӯз шуд.

Дар бозиҳои дигар  бошад, дастаҳои  футзали  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  бар  «Пойтахт»-и шаҳри  Душанбе   бо ҳисоби 5:2, «Соро компания»-и шаҳри Душанбе   бар «Самандар»-и  шаҳри Турсунзода  бо ҳисоби  15:1 ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд  бар «Истиқлол»-и шаҳри Душнабе бо ҳисоби 4:1 ғолиб омаданд

Ёдовар мешавем, ки   бозиҳои даври сеюми  Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал  11-12 июни соли равон баргузор мегарданд. 11 июн дастаҳои футзали  «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд  бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Самандар»-и  шаҳри Турсунзода бо «Истиқлол»-и шаҳри Душнабе  ва  12 июн   дастаҳои   «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб  бо  «Соро компания»-и  шаҳри Душанбе   ва  «Пойтахт»-и шаҳри  Душанбе   бо КМВА-и шаҳри Душанбе бозӣ мекунанд.

                                                                                                     Акс: ФФТ