Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАРОИ АЗ БАЙН БУРДАНИ МЕҲНАТИ КӮДАКОН. То соли 2025 ба ҳама шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон хотима дода мешавад

Имрӯз дар аксар кишварҳои ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза барои аз байн бурдани меҳнати кӯдакон таҷлил мегардад.Дар Тоҷикистон низ ин сана бо баргузории ҳар гуна чорабиниҳои оммавӣ-иттиллотӣ ҷашн гирифта мешавад. Хабарнигори АМИТ «Ховар»​ доир ба ин мавзӯъ бо Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода суҳбат намуд.

Ҳамсуҳбати мо зикр кард, ки «Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (ФИКМТ) дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ ва дастгирии Ташкилоти байналмилалии меҳнат (ТБМ, англ. International Labour Organization, ILO) як қатор барномаҳоро амалӣ менамояд, ки ба бартараф намудани ҳамаи намудҳои бадтарини меҳнати кӯдакон мусоидат хоҳанд намуд. Ҳоло дар назди шуъбаи ҳифзи меҳнати Федератсия зершуъба оид ба меҳнати кӯдакон таъсис дода шудааст, ки мутобиқи нақшаи кори он омӯзиш-тренингҳо бо нозирони меҳнат ва фаъолони иттифоқи касаба гузаронида мешаванд. Зершӯъба чун марказ оид ба масоили кӯдакон барои иттифоқҳои касаба фаъолият мебарад ва чораву тадбирҳои иттифоқҳои касабаро оид ба барҳам додани меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон ҳамоҳанг месозад.

«Аз ҷониби мутахассисони шуъбаи ҳифзи меҳнат “Барнома оид ба бартараф намудани меҳнати кӯдакон ва меҳнати маҷбурӣ” амалӣ шуд. Паҳншавии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон барои бехатарӣ, таҳсилу маълумотгирӣ, саломатӣ ва некуаҳволии кулли кўдакон оқибатҳои фалокатовар дорад. Мубориза бо меҳнати кўдакон масъалаи рушд аст ва мутобиқи қонунгузории ҷорӣ яке аз вазифаҳои асосии давлат маҳсуб дониста шуда, барои таҳкими минбаъдаи заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ин самт пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешаванд»,-афзуд Маликшо Неъматзода.

Раиси ФИКМТ таъкид кард, ки рушди иқтисодиёти кишвар, баландшавии сатҳи некӯаҳволии мардум ба барҳам додани меҳнати кӯдакон мусоидат намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроия, шарикони иҷтимоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт ба пешравиҳои бештар ноил мегардем.

“Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, аз ҷумла барҳам додани меҳнати онҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст ва дар ҳамкорӣ бо ТБМ, ки Тоҷикистон низ аъзои фаъоли ин ташкилот аст, мақсад гузоштааст, ки то соли 2025 шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон барҳам дода шаванд”,-иттилоъ дод ӯ.

Номбурда тазаккур дод, ки ФИКМТ якҷоя бо ташкилотҳои ҳамузв ҳифзи иҷтимоӣ, дастрасӣ ба ҳифзи саломатӣ ва истироҳат дар муассисаҳои истироҳатию солимгардонӣ дар давраи таътили тобистонаро омилҳои муҳими пешгирӣ ва барҳам додани меҳнати кӯдакон медонад. Дар соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷудошуда 4269 нафар кӯдакон ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла, аз ин шумора кӯдакони ятиму бепарастор 280 нафар, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат 681 нафар, кӯдакони болаёқат 2075 нафар, кӯдакони соҳаҳои гуногун 232 нафар, кӯдакон аз мактаб-интернатҳо 1001 нафарро ташкил медиҳанд. Дар мавсими фарогирии кӯдакон ба истироҳату солимгардонии таътили тобистонаи соли 2022 дар нақша аст, ки шумораи муайяни кӯдакон дар 50 истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ фаро гирифта шаванд.​

Ёдовар мешавем, ки Ташкилоти байналмилалии меҳнат аввалин маротиба соли 2002 12 июнро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза барои аз байн бурдани меҳнати кӯдакон таҷлил намуд.

Тоҷикистон дорои қишри аҳолии ҷавон ва ояндадор буда, мавқеи худро нисбат ба ҳуқуқи кӯдак муайян кардааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расонида, тибқи онҳо ҷаҳати барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.

Таваҷҷуҳ ба масъалаи мазкур аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ковенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак (1989), Конвесияҳои Ташкилоти байналхалқии меҳнат № 138 «Оид ба ҳадди ақали синну сол барои ба кор қабул кардан» (с.1993) ва №182 «Оид ба манъ кардан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак» (2005) ва Тавсияномаи ТБМ №190 «Оид ба манъ намудан ва чораҳои зарурӣ андешидан ҷиҳати нест намудани шаклҳои бадтарини меҳнати ноболиғон» сарчашма мегирад. Дар ин радиф қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, таҳти №169 «Рўйхати корҳои шароиташон номусоид ва зараровар, ки истифодаи меҳнати ашхоси аз 18-сола хурд иҷозат дода намешавад ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашонидани борҳо» ва аз 31 октябри соли 2014 «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” тасдиқ гардидаанд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба тасвибрасида ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда ба манфиати ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, равона карда шудаанд ва барои амалишавии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва роҳ надодан ба ҷалби кӯдакон ба шаклҳои бадтарини меҳнат равона шудаанд.

АКС аз манбаъҳои боз