Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ҲАДИСИ МУСАВВАР. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни боздиди Корвони «Модарони ваҳдатсаро» аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

Бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ Корвони «Модарони Ваҳдатсаро» аз 8 то 11 июн дар вилояти Хатлон қарор дошта, бо сокинони шаҳру навоҳии вилоят доир ба тарғиби дастоварҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот ва дӯст доштану обод кардани Ватан суҳбату вохӯриҳо гузаронид. Онҳо аз қисмҳои низомӣ боздид намуда, бо мавзеъҳои таърихию –фарҳангии вилоят шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Корвони «Модарони Ваҳдатсаро» дар ноҳияи Восеъ Идомаи суҳбату вохӯриҳои Корвони «Модарони Ваҳдатсаро» дар шаҳри Левакант.

Корвони «Модарони Ваҳдатсаро» дар меҳмонии Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик.

Дидан намудани Корвони “Модарони ваҳдатсаро” аз Осорхонаи ҷумҳуриявии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара.

Ёдовар мешавем, ки Корвони «Модарони Ваҳдатсаро» бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, он ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шудааст ва ин иқдом то 11 июн дар вилояти Хатлон идома ёфт.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ